Июн 29, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои террористӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши ҷурму ҷиноёти муртабит бо терроризм дар шимоли Тоҷикистон тайи панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ ба шиддат ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши Дафтари матбуоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  рӯзи ҷумъа дар дидори фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, гуфт: Тайи ин муддат дар вилояти Суғд ҳудуди ҳашт ҳазору 700 мавриди ҷурму ҷиноят кашф шуда, ки 500 мавриди он марбут ба терроризм ва ифротгароӣ будааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни инки ин омор ба маротиб бештар аз солҳои гузаштааст, аз мақомоти амниятӣ ва интизомӣ хост, мубориза бо ҷурму ҷиноят ба вижа муқобила бо терроризм ва ифротгароиро ҷиддӣ бигиранд.

Раҳмон дар айни ҳол аз мақомоти сохторҳои қудратӣ ҳам хост, аз муҷозоти афроде, ки довталабона аз манотиқи ҷангии хориҷ аз Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд, худдорӣ кунанд.

Бар асоси оморҳои манобеи расмии Тоҷикистон, беш аз 1100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар қолаби гурӯҳҳои террористии ҳамчун ДИИШ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доштанд, ки беш аз 300 нафари онҳо кушта шудаанд.