Июн 30, 2018 14:23 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон ба масъулин: Барои рафтан ба Ӯзбакистон аз ҳамин ҳоло омодагӣ бинед

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи шашуми сафари кории худ ба вилояти Суғд, бо масъулон ва фаолони ин вилояти мулоқот кард.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раис ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа дар дидор бо фоалони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, зимни ёдоварии сафари раиси ҷумҳури Ӯзабкистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон низ бояд барои сафари ҷавобии худ ба Ӯзбакистон аз ҳоло омодагӣ бинад.

Ба гуфтаи манбаъ дар ҳошияи ин сафар қарор аст намоиши саноати кишвари Тоҷикистон дар Ӯзбакистон баргузор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноъат ва технологии нав, роҳбарони вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо ва корхонаҳои саноати кишвар дастур дод барои сафар ба Ӯзбакистон ва намоиши истеҳсолоти Тоҷикситон дар Ӯзбакистон аз ҳамин ҳоло омода шаванд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор аст аввалҳои тирамоҳи соли равон дар як сафари расмӣ ба Ӯзбакистон биравад.