Меҳрубон Сатторов узви пешини "Гуруҳи 24" ба Тоҷикистон бозгашт
Меҳрубон Сатторов як узви пешини фаоли "Гуруҳи 24" дар паёме видеоӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ки ҳамроҳи Султон Шарифов як узви дигари ин гуруҳ ба ихтиёри худаш ба Тоҷикистон бозгаштааст.
Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Меҳрубон Сатторов шоми 29 июн дар мусоҳибае бо ин сомона тасдиқ кард, ки рӯзи 27-уми июн ба Душанбе баргаштааст.
Меҳрубон Сатторов зимни эъломи ин ки ду рӯзро дар боздошт ба сар бурдааст афзуд дархосте навиштам, то бар асоси моддаи 307 Қонуни асосии Тоҷикистон маро афв кунанд. Дар ҳоли ҳозир озод шудаам ва қарор аст ба шаҳри Конибодом биравам. Ман 12 сол аст, ки Душанберо надида будам.
Ӯ мегуяд бидуни ягон хабар ва ба сурати ногаҳонӣ ва бо таваккул бар Худо ба Тоҷикистон баргаштам барои фаҳмидани инки афв вуҷуд дорад ё не.
Вай афзуд дар ватан мушкилоте вуҷуд дорад ва мо ҳамчунон ва дар ҳаминҷо низ онҳоро баён мекунем.
Сатторов гуфт, қастд дорад дар Тоҷикистон машғул ба кор шавад ва ба ватан хидмат кунад.
Вай ҳамчунин афзуд қасд дорад дархосте ба Эмомалӣ Раҳмон бинависад, ки тайи он на танҳо онҳое, ки хориҷ аз ватан фаолияти сиёсӣ мекунанд, балки зиндониёни сиёсиро ҳам ки ба 25 ё 26 сол зиндон маҳкум шудаанд озод кунанд.
Меҳрубон Сатторов гуфт дар фаолияти сиёсиаш танҳо як бахши ғайриқонунӣ вуҷуд дошт ва онҳам даъвати ашхос барои сарнагунии ҳукумат аз роҳи зуроварӣ буд.
Вай гуфт ба фаолияти сиёсиаш идома хоҳад дод ва ҳафтаи баъд низ пас аз гирифтани санади афв қасд дорад ба Маскав баргардад. Ӯ ба ҳамсафонаш итминони хотир дод, ки касеро нафрухта ва касе ҳам дар бораи онҳо саволе напурсидааст. Вай ҳамчунин хатоб ба онҳое, ки қасди бозгашт доранд гуфт, ки метавонанд аз қонуни афв истифода баранд вале афзуд, ки аслан қасди таблиғи инкоро надоард.