Июн 30, 2018 20:28 Asia/Dushanbe
  • Порлумони Тоҷикистон ба таътилоти тобистонӣ рафт

Намояндагони порлумони Тоҷикистон бо баргузории чаҳорумин нишасти маҷлиси ин кишвар, ба таътилоти тобистонӣ рафтанд.

Рӯзи 29 июни иҷлоси поёни чаҳорумин нишасти Маҷлиси Намояндагон бо  ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон баргузор шуд.

Зуҳуров дар ин нишаст натоиҷи фаъолияти 9 моҳи ахири Маҷлиси Намояндагонро муфид унвон карда ва гуфт, намояндагони порлумон тайи ин муддат корҳои зиёд ва муфидеро барои давлат ва мардум анҷом доданд.

Вай афзуд, тайи 9 моҳи ахир 42 нишасти Шӯрои порлумонӣ ва 26 ҷаласа баргузор шуд, ки дар ҷараёни он, 162 санади ҳуқуқӣ ва бисёре аз мувофиқатномаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таътилоти намояндагони порлумони Тоҷикистон то 15 август идома хоҳад дошт, сипас аз 16 август то 30 сентябр дар кумитаҳои марбута ва комиссияҳои Маҷлиси Намояндагон машғул бакор хоҳанд шуд.

Панҷумин нишасти порлумони Тоҷикистон дар авоили октябри соли ҷории милодӣ, баргузор мешавад.