Ифшои мавориди ришвахорӣ ва нақзи Қонуни танзими ҷашн ва маросим дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 02 Jul 2018 04:16:58 GMT )
Июл 02, 2018 09:16 Asia/Dushanbe
  • Ифшои мавориди ришвахорӣ ва нақзи Қонуни танзими ҷашн ва маросим дар Тоҷикистон

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ифшо шудани 11 мавриди ришвахорӣ ва ду мавриди нақзи Қонуни танзими ҷашн ва маросим дар ин кишвар, тайи як моҳи ахир хабар дод.

Ба гузориши телевизиони давлатии Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод бо пахши барномаи “Мизони қонун” ба баррасии ин рӯйдодҳо пардохтаанд.

Гуфта мешавад, ҷарроҳи бемористони марказии ноҳияи Ҳисор барои судури гувоҳиномаи муофият аз хидмати ҳарбӣ, аз як ҷавон дархости шаш ҳазору 900 сомонӣ ришва карда, ки аз сӯи кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо фасоди молии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ҳамчунин мудири муассисаи молӣ ва эътибории “Дастрас” барои ихтилоси 500 ҳазор сомонӣ, мудири Идораи сабти манозили ноҳияи Варзоб ба иттиҳоми дарёфти ҳашт ҳазор сомонӣ, як вакили мудофеи ҳуқуқ бобати гирифтан як ҳазору 200 доллар ва чанд корманди идороти давлатӣ ба иттиҳомоти мушобеҳ, боздошт шудаанд.

Ҳамчунин барои як корманди Идораи стандарт дар минтақаи Кӯлоб ва яке аз сокинони шаҳри Душанбе, ки вай ҳам корманди давлатӣ аст, ба иттиҳоми нақзи Қонуни танзими ҷашн ва маросим, парвандаи ҷиноятӣ ташкил шудааст.

Фарди нахуст Шарипов Абдураззоқ Азизович, дар хонаи истиқоматиаш дар деҳаи Деҳлолои ҷамоати ба номи Назарови ноҳияи Мӯъминобод бо мақсади гузарондани ҷашни зодрӯзаш забҳи чорво карда, ғайр аз хешовандони наздик ҳамсояҳоро ҳам даъват намуда, барои меҳмонон 5 хона омада намуда, ҷашни 50-солагиашро баргузор кардааст.

Фарди дувум Шоев Самандар дар тӯйи арӯсиаш 8 мошинро сафарбар кардааст, ки боиси тамбашавии роҳ гаштааст, ки нақзи Қонуни танзими ҷашн ва маросим дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Дар ҳоле, ки қонун танҳо истифода аз чаҳор худравро дар ҷашни арӯсӣ иҷозат дадааст.