Роҳандозии аввалин парвоз дар хатсайри Душанбе-Анталия
Июл 02, 2018 12:58 Asia/Dushanbe
Ширкати "Сомон Эйр" аввалин парвозашро бо 180 мусофир дар масири Душанбе-Анталия анҷом дод.
Ба нақл аз Спутник, фармоишгари ин парвоз ширкати "Transavia Express" мебошад.
Ҳамаи парвозҳо ба самти Анталия муддати панҷ соат тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва —900 ҳар даҳ рӯз як бор сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки парвоз дар масири Душанбе-Истамбул аз қабл роҳандозӣ шуда буд ва аз аввали соли равон ширкати "Сомон Эйр" парвозҳо дар ин хатсайрро афзоиш дод.
Дар ҳоли ҳозир парвозҳо дар хатсайри ёдшуда се маротиба дар ҳафта яъне рӯзҳои душанбе, ҷумъа ва якшанбе сурат мегирад.