Лоиҳаҳои дардисарсоз садои раиси Парлумони Тоҷикистонро даровард
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Парлумони Тоҷикистон аз бархе намояндагони маҷлиси ин кишвар ба шиддат интиқод кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вай гуфт: Бархе лоиҳаҳои кишвар ба таври комил аз қавонини кишварҳои хориҷӣ копия мешавад ва дар бисёре аз онҳо тағйироте эҷод мешавад, ки ин муҳим дардисар барои мардум эҷод мекунад.
Зуҳуров дар идома хитоб ба намояндагони маҷлис гуфт: Бояд дар ибтидо лоиҳаи пешниҳодиро ба таври комил баррасӣ кард ва баъд тасмим ба тасвиби онро гирифт.
Раиси Парлумони Тоҷикистон афзуд: Таи соли ҷорӣ Шӯрои парлумон 16 лоиҳаро барои бознигарӣ бозгардондааст.
Яке аз коршиносони тоҷик бидуни ифшои номи худ гуфт: Парлумони Тоҷикистон моил ба баррасии мавзуоти муҳим ва гузоришҳои вазоратхонаҳо ва идороти марбута аст.
Вай гуфт: Аксари курсиҳои парлумон ба ҳизби ҳоким ва ҷонибдорони он мутааллиқ аст, ки ин муҳим ташхиси камбудҳо дар кор парлумонро душвор мекунад.
Ин коршинос афзуд: Тамоми намояндагони парлумон бо таваҷҷуҳ ба хостаи давлат кор мекунанд.