Июл 03, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо раиси Палатаи ҳисоби Чин

Нахуствазири Тоҷикистон ва раиси Палатаи ҳисоби Чин бо якдигар дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Хю Зе Чун, раиси Палатаи ҳисоби Чин дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба дар арсаҳои мавриди алоқаи дутараф баррасӣ шуд.

Таъкид шуд, Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Чин аъзои фаъоли созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ ва Шӯрои раисони ниҳоди аслии ҳисоби кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай мебошанд.