Маҳкумияти зиндон барои иттилоъ надодани шӯриши генерал Назарзода
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми иттилоъ надодан аз шӯриши се соли қабли генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон ба ҳашт солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА”, дар ҳукми маҳкумияти Эргаш Ризоев таъкид шудааст, вай қабл аз ин шӯриш дар Русия аз ҳамрустоиҳои худ шунида буд, генерал Абдуҳалим Назарзода қасди чунин иқдоме дорад.
Вай муттаҳам аст, бо вуҷуде, ки дар моҳи августи соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, вале қабл аз шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода ин мавзӯро ба мақомоти интизомии ин кишвар иттилоъ надодааст.
Эргаш Ризоев сипас ба Русия рафта ва пас аз се сол дубора ба Тоҷикистон бармегардад, аммо аз сӯйи кормандони полис боздошт мешавад.
Гуфта мешавад, вай ба кормандони полис пешниҳод карда, ки омода аст барои озодии худ маблағи панҷ ҳазор доллар ба онон пардохт кунад. Аммо ин маврид ба парвандаи ҷиноии вай ба унвони талош барои пардохти ришва ба кормандони полис замима шудааст.
Аз ин рӯ, додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Эргаш Ризоевро ба иттиҳоми пинҳон кардани хабари омодасозии тарҳи шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода ва талош барои пардохти ришва ба кормандони полис ба ҳашт солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум кард.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон дар пайи шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои ин кишвар дар моҳи сентябри соли 2015 ва кушта шудани вай, беш аз 200 нафар аз ҳомиёни ӯро боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум карданд.
Ҳамчунин Додгоҳи Олии Тоҷикистон масъулони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии ин кишварро ба доштани иртибот бо ин шӯриш муттаҳам ва фаъолияти ин ҳизбро мамнуъ кард, ки теъдоде аз масъулони он боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд ва иддае ҳам ба хориҷ аз кишвар рафтанд.
Аммо мақомоти ҳизби ёдшуда бо радди ин иттиҳомот мегӯянд, моҷарои шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода як тарҳи аз қабл барномарезишуда барои мамнуияти фаъолияти ин ҳизб буд ва онон ҳеҷ нақш ва иртиботе бо ин ҳодиса надоранд.