Июл 04, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Барпоии намоишгоҳи саноати дастӣ дар Душанбе

Намоишгоҳи саноати дастии мардуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизбони алоқамандон ба ҳунари мардуми ин кишвар аст.

Сухангӯи Кумитаи тавсеъаи гардишгарии Тоҷикистон гуфтааст ин намоишгоҳ аз рӯзи дуввуми июл, то дуввуми августи соли равон дар толори галерии санъати муосири Тоҷикистон воқеъ дар бинои маркази тиҷории "Душанбемол" ва толори истгоҳи роҳи оҳани ин кишвар баргузор мешавад.

ба гуфтаи Маҳлақо Шарифова дар ин намоишгоҳ ҳунармандоне аз тамомии минтақаҳои Тоҷикистон тавлидоти дастии худро ба намоиш ва фуруш мегузоранд.

Маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи ёдшуда бо ҳузури риёсати Кумитаи гардишгарӣ, намояндагони ширкатҳои туристии Имороти муттаҳидаи арабӣ ва дигар ниҳодҳои марбута баргузор шуд.

Сокинони Душанбе ва ҳамчунин гардишгарони хориҷӣ метавонанд аз ин намоишгоҳ тайи як моҳ боздид ва маҳсулоти мухталифи саноати дастии мардуми тоҷикро харидорӣ кунанд.