Июл 04, 2018 13:33 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон: Фақр дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, сатҳи фақр дар Тоҷикистон нисбат ба се соли пеш коҳиш ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди Тоҷикистон изҳор доштааст, дар соли 2017 мизони фақр дар Тоҷикистон 29,7 дарсад баровард шуд, ки дар муқоиса бо соли 2015-ум 3,1 дарсад коҳиш доштааст.

Ба гуфтаи Раҳмон, коҳиши мизони фақр ба хотири рушди солонаи ҳафтдарсадии иқтисоди Тоҷикистон ва афзоиши ҳазинаҳо дар бахши иҷтимоӣ будааст.

Изҳороти раисҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи коҳиши мизони фақр дар ин кишвар дар ҳоле аст, ки созмонҳои байналмилалӣ оморҳои мухталиферо дар ин бахш ироа медиҳанд.

Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди Тоҷикистон ба манзури арзёбии барномаи дусолаи Ҳукумати Тоҷикистон ва мутобиқ сохтани он бо санади ҷаҳонии Рушди пойдор, ки аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид таҳия шуда ва Тоҷикистон низ онро тасвиб кардааст, баргузор шуд.