Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон
(last modified Fri, 06 Jul 2018 14:26:45 GMT )
Июл 06, 2018 19:26 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба Остона пойтахти Қазоқистон рафт.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Остона бо даъвати Нурсултон Назарбоев ҳамтои қазоқи вай сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сафар дар ҷашне ба муносибати бистумин солгарди таъсиси шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон ширкат мекунад.

Раҳмон дар чорчуби сафар ба пойтахти Қазоқистон ҳамчунин теъдоде мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Дар Қазоқистон ҳамасола рӯзи 6 июл ба унвони рӯзи таъсиси пойтахти ҷадиди Қазоқистон таҷлил мешавад.

Ин рӯз дар Қазоқистон дар маҷмӯъ 3 рӯз таҷлил ва дар ин айём ҷашнвораҳои мардумӣ, фарҳангӣ, оташбозӣ, барномаҳои ройгон барои кӯдакон ва бузургсолон баргузор мешавад.

6 июл илова бар рӯзи таъсиси пойтахти Қазоқистон ҳамчунин зодрӯзи Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии ин кишвар низ мебошад.