Боздошти як мақоми донишгоҳӣ дар Тоҷикистон ба ҷурми фасоди молӣ
Яке аз масъулони донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ба иттиҳоми даст доштан дар чандин мавриди фасоди молӣ боздошт шуд.
Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон имрӯз эълом кард, Раҳматуллоҳ Ҳалимов, ки дар мақоми масъули хадамоти амнияти шуғлии кормандони Донишгоҳи Носири Хусрав машғул ба кор буд, боздошт шудааст.
Бар асоси иддаои Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, вай аз бастагони яке аз донишҷӯёни донишгоҳ 1500 доллар ришва талаб кардааст.
Ин мақоми донишгоҳӣ маҷмуан тайи се марҳала аз бастагони ин донишҷӯ 10 ҳазору 800 сомонӣ дар ивази кумак ба пазириш дар донишгоҳ ришва гирифтааст.
Ин масъули муттаҳам ба фасоди молӣ ба ин пул розӣ нашуда ва дар ниҳоят дар чаҳоруми майи соли 2018 аз бастагони ин донишҷӯ талаби се ҳазор сомонии дигар карда буд, ки дар ҳангоми гирифтани ин маблағ дар дохили мошинаш дастгир шуд.
дар сурати исботи иттиҳомоти ворида ба Раҳматуллоҳ Ҳалимов, 12 сол зиндон ё ҷаримае муодили 73 ҳазор сомонӣ дар интизори ӯ аст.