Июл 08, 2018 09:25 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти пасвандҳои русӣ ба номҳои хонаводагии тоҷикон

Теъдоде аз тоҷикон иқдом ба гузоштани дубораи пасвандҳои русӣ ба номҳои хонаводагии худ кардаанд, ки ба фишори полис Русия бар коргарон муҳоҷири тоҷикистонӣ иртибот дорад.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, теъдоди зиёде аз тоҷиконе, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд, пас аз бозгашт ба кишвар иқдом ба дарёфти гузарномаҳои ҷадид бо номи хонаводагии ҳамроҳ бо пасвандҳои русӣ кардаанд.

Абдурраҳим Зулфониён корманди аршади Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ин афрод муддаӣ шудаанд дар Русия ба далели вуҷуди пасвандҳои "зод" , "зода" , "ниё ", "ён" , "фар" ва амсол он, дучори фишор ва мушкил шудаанд ва маҷбуранд, дубора ба номгузории русӣ баргарданд.

Аз ин рӯ теъдоди зиёди сокинони ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Мастчоҳ, Ёвон ва Спитамен иқдом ба гузоштан пасвандҳои русии "ов" ва "ова" ба номҳои хонаводагии худ кардаанд.

Аммо теъдоде аз коршиносон мӯътақиданд, тағйири пасвандҳои номҳои хонаводагии тоҷикон аз форсӣ ба русӣ барои онҳое, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд, суде нахоҳад дошт ва сабаби беҳбудӣ дар авзои ҳуқуқӣ ва кории онон нахоҳад шуд.