Қимати ҷони қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36478-Қимати_ҷони_қурбониёни_шиканҷа_дар_Тоҷикистон
Этилофи шаҳрвандии алайҳи шиканҷа, ки як созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аст, бо интишори як намудори тасвирӣ, мизони хисорати молии пардохтшуда ба афроде, ки бар асари шиканҷа фавт карда ё маъюб шудаанд, мушаххас кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 08, 2018 06:06 Asia/Dushanbe
  • Қимати ҷони қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон

Этилофи шаҳрвандии алайҳи шиканҷа, ки як созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аст, бо интишори як намудори тасвирӣ, мизони хисорати молии пардохтшуда ба афроде, ки бар асари шиканҷа фавт карда ё маъюб шудаанд, мушаххас кардааст.

Ба гузориши СА-News, ин намудор нишон медиҳад, ин маблағҳо ночиз аст.

Дар ин намудор, хисорати молии пардохтшуда ба 9 нафар, ки тай солҳои 2011 то 2015 мавриди шиканҷа қарор гирифта ва шаш нафар аз онон ҷони худро аз даст додаанд, байни панҷ то 46 ҳазор сомонӣ (муодили 799 то ҳафт ҳазору 396 доллар) будааст.

 Пас аз кашмакашҳои зиёди додгоҳӣ, ба хонаводаҳои шаш фарди фавтшуда бар асари шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон, маблағи панҷ то 46 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст.

 Ҳарчанд вакилони мудофеи онон хостори пардохти хисорати молӣ ба хонаводаҳои ин афрод ба маблағи 90 то 648 ҳазор сомонӣ шуда буданд.

 Ҳамчунин бо ҳукми додгоҳҳо барои се нафар, ки бар асар шиканҷа маъюб шудаанд, маблағҳои байни 11 то 40 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст, ки маблағи дархостии вакилони мудофеи онон байни 241 то 644 ҳазор сомонӣ буд.