Сентябр 06, 2016 11:04 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз афзоиши қарзи

Девони муҳосиботи Русия аз афзоиши қарзи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" ба нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтуда-1" ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши "Азия плюс", дар гузориши Девони муҳосиботи Русия, ки пас аз таҳқиқ ва тафаҳҳус аз фаъолияти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтуда-1" ахиран мунташир шуд, аз адами иҷрои бархе аз бандҳои тавоқуфнома миёни ин кишвар ва Тоҷикистон бар сари ин нерӯгоҳ ибрози нигаронӣ шудааст.

 Александр Жданов, намояндаи Девони муҳосиботи Русия дар ин гузориш таъкид кардааст, ки бар асоси тавофуқ бо давлати Тоҷикистон, мебоист тайи 20 сол ҳазинаи молии сохти ин нерӯгоҳ аз ҳисоби фурӯши барқ ҷуброн шавад, ки дар ин маврид бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст, зеро ширкати давлатии "Барқ тоҷик" акнун танҳо ниме аз барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳро харидорӣ мекунад ва қодир ба пардохти пули ин мизон барқ низ нест. Аз ин рӯ дар ҳоли ҳозир мизони қарзҳои ширкати давлатии "Барқ тоҷик" ба нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтуда-1" ба 624 миллион сомонӣ расидааст, ки муодили 80 миллион доллар мебошад ва ба ин далел мудирияти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтуда-1" аз ҳар киловат соат барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ 6 дирам зиён мебинад.

Ин мақоми давлатӣ афзуд, ки ширкати давлатии "Барқи тоҷик" ба тааҳҳудоти худ бар содироти барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ ба кишварҳои хориҷӣ амал намекунад.

 Нерӯгоҳи барқӣ- обии "Сангтуда-1" бо сармоягузории 75 дарсадии Русия ва 25 дарсадии Тоҷикистон, бо зарфияти тавлиди 670 мегават барқ, тайи солҳои 2004 то 2009 ба баҳрабардорӣ расид, ки 15 дарсад аз барқи мавриди ниёзи ин кишварро таъмин мекунад.

 

Барчасп