Наҷоти як фарди дар ҳоли ғарқшавӣ дар рудхонаи Кофарниҳон
Маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон муваффақ ба наҷоти як шахси дар ҳоли ғарқшавӣ дар рудхонаи Кофарниҳон шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Умеда Юсуфова сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи гузашта бо эъломи ин хабар афзуд, маъмурони кумита дар ҳоли гаштзанӣ дар қаламрави шаҳристони Рудакӣ буданд, ки мутаваҷҷеҳ шуданд шахсе дар рудхона дар ҳоли ғарқшавӣ аст. Онон билофосила даст ба кор шуданд ва ин шахсро, ки сокини шаҳристони Рудакӣ ва дорои маълулияти зеҳнӣ буд, аз ғарқ шудани ҳатмӣ наҷот доданд.
Бо афзоиши дамои ҳаво ва сероб шудани рудхонаҳо ва дарёчаҳои Тоҷикистон дар фасли тобистон хатари маргу мири ашхос бар асари ғарқ шудан дар об ру ба афзоиш аст.
Танҳо зарфи як шабонарӯз дар ҳафтаи гузашта 4 кудак дар ҷойҳои мухталифи Тоҷикистон ба сабаби ғарқшавӣ ҷони худро аз даст доданд.