Июл 10, 2018 09:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи молии 3 рӯҳонии тоҷик ба иттиҳоми тадриси бидуни муҷаввизи улуми исломӣ

Додгоҳи ноҳияи Тоҷикободи Тоҷикистон 3 рӯҳони маҳаллиро ба иттиҳоми тадриси бидуни муҷаввизи улуми исломӣ ба пардохти 500 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард.

Ба гузориши сойти “Ахбори Осиёи Марказӣ”, мақомоти додгоҳи ноҳияи Тоҷикобод эълом кардаанд, Хайруллоҳ Наҷмиддинов, Муҳаммадаюб Ҷунайдов ва Ҳусейн Ризоев бидуни доштани муҷаввизи расмии тадриси улуми исломӣ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба 60 кӯдаки синфи 3-11 Қуръон ва улуми исломӣ тадрис мекарданд, ки акнун ҳар яке аз онон ба пардохти 500 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум шудааст. Ҳамчунин волидайни ин 60 кӯдак ба далели нақзи Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудаанд.

Бар асоси Қонуни озодии эътиқод ва фаъолияти созмонҳои динӣ, ки дар соли 2009 дар Тоҷикистон иҷроӣ шудааст, намояндагони масоҷид метавонанд танҳо бо дарёфти муҷаввизи расмӣ аз Вазорати маориф ва илм ва фароҳам кардани шароити тадриси Қуръон ва улуми исломӣ ба ин кор машғул шаванд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 ба дастури Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон 6 мадрасаи омӯзиши улуми исломӣ дар ин кишвар баста шудааст ва заминаи ошноӣ бо Ислом барои кӯдакону донишомӯзон вуҷуд надорад. Мақомоти Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд, ин сахтгирӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз рушди тафаккури ифротгароӣ дар ҷомеа эъмол мешавад, аммо ба эътиқоди коршиносон, ин иқдом нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон ва муғойир бо Қонуни Асосии ин кишвар аст.