Сеюмин солгарди зодрӯзи Бузургмеҳр Ёров дар зиндон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36520
Бузургмеҳр Ёров-вакили мудофеъи шинохта ва яке аз маҳбусони сиёсии маъруфи Тоҷикистон рӯзи гузашта нуҳуми июл ба синни 47 солагӣ расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 10, 2018 11:20 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин солгарди зодрӯзи Бузургмеҳр Ёров дар зиндон

Бузургмеҳр Ёров-вакили мудофеъи шинохта ва яке аз маҳбусони сиёсии маъруфи Тоҷикистон рӯзи гузашта нуҳуми июл ба синни 47 солагӣ расид.

Ба нақл аз Ахбор, ин сеюумин солгарди зодрӯзи Бузургмеҳр Ёров аст, ки дар зиндон ба сар мебарад.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 пас аз қабул кардани ваколати дифоъ аз аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломии Тоҷикистон, боздошт шуд ва таи се мурофиъа дар маҷмуъ ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Вай ҳамчунин аз аъзои фаъоли ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Раҳматуллоҳ Зоиров буд.

Ёров дар сентябр соли 2015 ваколати раҳбарони боздоштшудаи Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломиро бар уҳда гирифт ва барои ҳимоят аз онҳо Кумитаи дифоъ аз аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуъаи Наҳзати исломиро ташкил дод.

Бузургмеҳр Ёров дар поёни моҳи сентябри соли 2015 аз тарафи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе, октябри соли 2016 вайро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятӣ – қаллобӣ, даъвати оммавӣ барои сарнагун кардани ҳукумат, барангехтани кина ва душманӣ, даъват ба ифротгароӣ ва... ба  23 сол зиндон бо мусодираи мулку амволаш маҳкум кард. Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа шуд. Дар августи соли 2017 иттиҳоми таҳқири раиси ҷумҳури, се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров афзуд ва дар маҷмуъ ҳукмаш ба 28 сол зиндон расид.