Июл 11, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳмон ба императори Ҷопон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Акиҳито, императори Ҷопон паёми таслият ирсол кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо баёни таслият ба императори Ҷопон, барои талафоти ҷонӣ ва моддии ношӣ аз боришҳои ахир дар ин кишвар ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Дар ин паём омадааст: "Хабари вуқӯи боришҳои ахир дар манотиқи марказӣ, ҷануб ва ғарби Ҷопон, ки боиси ҷон бохтани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шуд, моро бисёр андӯҳгин кард".

Раисҷумҳурии Тоҷикистон аз императори Ҷопон хостааст, ин ҳамдардии амиқро бипазирад ва ба наздикони қурбониён ва ҷонбохтагони ин ҳодиса паёми таслияташро эълом кунад. 

Раҳмон ҳамчунин барои осебдидагон шифои комил орзӯ кардааст.

Бар асари боронҳои шадиде, ки аз ҳафтаи гузашта дар Ҷопон оғоз шуда, то кунун беш аз 150 нафар ҷон бохта ва даҳҳо нафар низ нопадид шудаанд.