Додситонии кулли Тоҷикистон: Парвандаи Мирсаидов сиёсӣ нест
(last modified Fri, 13 Jul 2018 13:46:57 GMT )
Июл 13, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Додситонии кулли Тоҷикистон: Парвандаи Мирсаидов сиёсӣ нест

Додситонии кулли Тоҷикистон бо интишори баёнияе, иртиботи парвандаи Хайрулло Мирсаидов раҳбари зиндонии дастаи "Хушдилон ва ҳозирҷавобон"-и Тоҷикистонро бо масоили рӯзноманигорӣ ва сиёсӣ, рад кард.

Дар ин изҳорот, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуда, ба мавридҳое ҳамчун нақзи қонун, аз худ намудани маблағҳо ва сохтакории санадҳо аз сӯи Мирсаидов ишора шудааст.

Дар гузориши додситонӣ омадааст: Дар ин парвандаи ҷиноӣ, ҳеҷ гуна гузорише дар бораи фаъолияти сиёсӣ ва ё рӯзноманигории Мирсидов вуҷуд надорад.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: Вай барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, ки ҳангоми раҳбарии дастаи "Хушдилон ва ҳозирҷавобон" (КВН) будан, ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва азхуд намудани маблағҳои будҷа даст задааст. Мирсаидов аз нияти ғаразнок дидаю дониста, барои содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст, ки худ ҷиноят мебошад".

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ду рӯз қабл Хайрулло Мирсаидовро ба 12 сол зиндон маҳкум кард, ки ин ҳукм мавҷе аз интиқодҳоро дар пай дошт.

Сафоратхонаҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостори озодии фаврии ин рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангии тоҷик шудаанд.