Сухтор дар бузургтарин бозори Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36634-Сухтор_дар_бузургтарин_бозори_Тоҷикистон
Бозори Корвон бузургтарин бозори Тоҷикистон нисфирӯзи шанбе 14 июл дар шаҳри Душанеб дучори сухтор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2018 07:00 Asia/Dushanbe
  • Сухтор дар бузургтарин бозори Тоҷикистон

Бозори Корвон бузургтарин бозори Тоҷикистон нисфирӯзи шанбе 14 июл дар шаҳри Душанеб дучори сухтор шуд.

Ба нақл аз Спутник, ба гуфтаи шоҳидон ин ҳодиса ба иллати гармои шадиди ҳаво рух дод ва аз бастаҳои пахтаи қарор дода шуда  дар он, оғоз шуд.

Било фосила пас аз ин ҳодиса, оташнишонон дар маҳал ҳозир шуданд ва аз густариши оташ ба нуқтаҳои дигари бозор пешгирӣ карданд.

Бозори Корвон дар гузашта низ чандин бор оташ гирифтааст ва садҳо тоҷир ба иллати ин сухторҳо хисоратҳои моллии фаровоне дидаанд.

Дар ҳамин ҳол дар пайи сухторҳои пай дар пай мақомоти Тоҷикистон як истгоҳи оташнишонӣ махсуси ин бозорро дар маҳалли он барпо кардаанд, то дар сурати вуқуи сухтор, аз густариш беш аз ҳадди он ва эҷоди хисоратҳои бештари минбаъда пешгирӣ шавад.