Июл 15, 2018 12:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба давлат ва миллати Покистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба ҳамтои покистонии худ кушта шудани 130 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро дар ҳамлаи террористӣ дар иёлати Балучистон таслият гуфт.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур, дар паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Мамнун Ҳусайн омадааст, хабари фоҷиъабори кушта ва захмишудани шумори зиёде аз шаҳрвандони Покистон бар асари ҳамлаи золимонаи террористӣ дар Покистон боиси андуҳи мо шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст: Мо ин иқдоми ғайри инсониро ба шиддаст маҳкум ва ба зарурати муборизаи қотеъона алайҳи терроризм ва тундгароӣ таъкид мекунем.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои покистонии худ хостааст паёми ҳамдардӣ ва таслияти амиқи вай ва ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба бастагони қурбониёни ин ҳодиса эълом кунад ва дар идома аз Худованд хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагони ин ҳодиса шуд.

Асри ҷумъа бар асари таркиши бомба дар гирдиҳамоии интихоботи Ҳизби авоми Балучистон дар минтақаи Мастунги иёлати Балучистони Покистон, 130 нафар, аз ҷумла Наввобзода Сироҷ Раисони, раиси ин ҳизб кушта ва 150 нафари дигар захмӣ шуданд.