Эҳтимоли истирдоди масъули Гурӯҳи - 24 ба Тоҷикистон
Як корманди созмони мудофеи ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз эҳтимоли истирдоди Суҳроб Зафар, масъули Гурӯҳи - 24 аз Туркия ба Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, Стив Свердлов дар сафҳаи твиттериаш навиштааст, ба Cозмони мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ, чанд гузориш аз эҳтимоли истирдоди Суҳроб Зафар, масъули Гурӯҳи - 24 аз Туркия ба Тоҷикистон ирсол шудааст, ки ин мавзуъ ҷойи нигаронӣ дорад.
Ҳамзамон Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити байналмилалии Гурӯҳи - 24 гуфт, Суҳроб Зафар, ки дар боздоштгоҳе дар шаҳри Истанбули Туркия нигаҳдорӣ мешавад, тайи тамоси телефонӣ аз интиқоли 10 тоҷик ба ин боздоштгоҳ хабар додааст, ки ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон истирдод хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки Алӣ Рифъат Куксол, сафири Туркия дар Тоҷикстон ҳафтаи қабл гуфта буд, ҳамкории амниятии Душанбе ва Анкаро дар сатҳи матлубе идома дорад ва кишвараш ба ҳеҷ ҷинояткоре, ки аз сӯйи давлати Тоҷикистон таҳти пайгарди қазоии байналмилалӣ бошад, паноҳ нахоҳад дод.
Суҳроб Зафар, масъули Гурӯҳи - 24 ба ҳамроҳи Насим Шарифов, яке аз аъзои аршади ин созмон дар таърихи 19-уми марти соли ҷорӣ дар Истанбул боздошт шуданд. Онҳо аз соли 2014 дар Туркия ба сар мебурданд.
Додгоҳи Истанбул Насим Шарифовро озод карда ва дар бораи сарнавишти Суҳроб Зафар тайи ин муддат тасмиме нагирифта буд.