Июл 18, 2018 09:04 Asia/Dushanbe
  • Шарти шаҳрдори Душанбе барои моликони корхонаҳои саноатии азкормонда

Шаҳрдори Душанбе ба моликони корхонаҳои саноатии пойтахти Тоҷикистон, ки пас аз вогузории ин марокизи тавлидӣ ба онон, ҳеҷ фаъолияте анҷом намедиҳанд, ҳушдор додааст, дар сурати фаъол нашудани дубораи ин корхонаҳо, амволи онон мусодира хоҳад шуд.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, Рустами Эмомалӣ гуфтааст бояд моликони ин корхонаҳои саноатӣ зуд роҳи фаъолсозии дубораи ин марокизро пайдо кунанд, дар ғайри ин сурат корхонаҳо мусодира хоҳанд шуд.

Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон теъдоде аз корхонаҳои бузурги тавлидӣ дар шаҳри Душанбе ба қимати ночизе ба бархе аз афроде, ки ҳеҷ тахассусе надоштанд вогузор шуд, ки муҷиби аз кор мондани ин марокизи тавлидӣ шуд ва таҷҳизоти онҳо низ ба унвони оҳанпора фурӯхта шуд. Ин иқдом боиси варшикаст шудани саноати ин кишвар шуд ва акнун аксари ин корхонаҳо аз кор бозмондаанд.

Корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе дар се шифт бо 25 ҳазор коргар фаъолият мекард, ки акнун 1 ҳазор нафар боқӣ мондаанд.

Корхонаи сохти яхдони Душанбе тайи як сол 176 ҳазор дастгоҳ яхдон тавлид мекард, ки ба куллӣ аз кор мондааст. Ҳамчунин корхонаҳои абрешим, сохти бели механикӣ, бофти атлас, консерв ва даҳҳо маркази тавлидии дигар пас аз вогузорӣ ба бахши хусусӣ аз фаъолият бозмондаанд.

Аммо коршиносон муътақиданд, ки ба далели боло будани мизони суди қарзҳои бонкӣ, вуруди ғайриқонунии маҳсулоти саноатӣ аз Чин ва набуди ҳимояти молии давлати Тоҷикистон аз бахши хусусӣ, фаъол кардани дубораи корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе кори осоне нахоҳад буд.