Июл 18, 2018 09:43 Asia/Dushanbe
  • Зарфияти чархаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун” танҳо 100 мегаватт

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, нахустин чарха (турбина)-и нерӯгоҳи обии “Роғун”, ки қарор аст моҳи ноябри имсол ба баҳрабардорӣ бирасад, дар мароҳили аввалия танҳо 100 мегаватт барқ тавлид хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, Усмоналӣ Усмонзода тайи нишасти хабарии масъулони ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе гуфт, танҳо бо обгирии комили садди 335 метрии нерӯгоҳи обии “Роғун” аст, ки ҳар як аз 6 чархаи он метавонад аз зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ бархурдор шавад. Аз ин рӯ, тавони турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар мароҳили аввалияи баҳрабардорӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ танҳо 100 мегаватт барқ хоҳад буд.

Вай таъкид кардааст, ки чархаи дувуми ин нерӯгоҳ дар моҳи апрели соли 2019 ба баҳрабардорӣ хоҳад расид. Бо поёни сохти садди 335 метрии нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли 2018, бо насби шаш чарха, заминаи тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар Тоҷикстон фароҳам хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки танҳо барои сохти садди ин нерӯгоҳ ниёз ба ҷазби 1 миллиарду 900 миллион доллар сармоя вуҷуд дорад.

Чанд рӯз қабл мутахассисони як ширкати украинӣ кори насби нахустин чархаи нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистонро ба поён расониданд.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии "Salini Impregilo S. p. A" вогузор кард.

Сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970-и мелодӣ барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ҳанӯз ин тарҳ такмил нашудааст.