Июл 18, 2018 10:11 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани се мақоми қудратӣ дар Тоҷикистон

Се нафар аз кормандони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тайи шаш моҳи гузашта маҳкум ба зиндон шудаанд.

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, бо эъломи ин хабар афзуд, ду нафар аз ин теъдод кормандони Вазорати умури дохилӣ ва як нафар низ корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.

Шариф Қурбонзода гуфтааст, ҷурми ин афрод дахолат дар шиканҷаи ашхоси мазнун ва муҳлати маҳкумият онҳо ҳам аз 12 то 13 сол эълом шудааст.

Тибқи омори Додситонии кулли Тоҷикистон, тайи шаш моҳи соли 2018 дар ин кишвар 12 ҳазору 482 маврид ҷурму ҷиноят ба сабт расида, ки 4008 мавриди он аз сӯйи кормандони додситонӣ ифшо шудааст.

Дар ҳамин ҳол ва бар асоси гуфтаи Шариф Қурбонзода, дар шаш моҳи соли 2018 нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузаштаи 2017 -ум, 28 маврид бештар шикояти шаҳрвандон аз вуқӯи шиканҷа аз сӯйи мақомоти қудратӣ ба сабт расидааст.