“Газпром” аз тарҳи иктишофи газ дар Тоҷикистон хориҷ шуд
(last modified Thu, 19 Jul 2018 03:37:28 GMT )
Июл 19, 2018 08:37 Asia/Dushanbe
  • “Газпром” аз тарҳи иктишофи газ дар Тоҷикистон хориҷ шуд

Муовини раиси Идораи давлатии маъданшиносии Тоҷикистон аз хориҷ шудани ширкати русии “Газпром” аз тарҳҳои иктишофи газ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Азиа плюс”, Раҳмонбек Бахтдавлатов тайи нишасти хабарии масъулони Идораи давлатии маъданшиноси Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, хурӯҷи ширкати русии “Газпром” аз тарҳи иктишофи газ дар чанд майдони газӣ дар ин кишвар қатъӣ шудааст. Ӯ таъкид кард, ба далели умқи зиёди захоири нафту газ фанновариҳои феълии иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар шароити кӯҳистонии Тоҷикистон имкони ба даст овардани ин манобеи энержиро намедиҳад. “Умеди зиёде ҳам ба тавоноиҳои ширкати русии “Газпром” вуҷуд дошт, аммо ин интизорот бароварда нашуд”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Бахтдавлатов, "мутахассисони ширкати “Газпром” дар майдони газии “Шаҳринав” то умқи 6 ҳазору 450 метр ҳаффорӣ анҷом доданд, аммо ба газ дастрасӣ пайдо накарданд. Дар ҳоле ки маҳдуд шудан ба ин майдон кори дурусте набуд ва ширкати русӣ бояд дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ барои пайдо кардани газ талош мекард". Аммо Игор Шаталов, мудири дафтари намояндагии ширкати русии “Газпром” қаблан эълом карда буд, ба далели боло будани мизони молиёт дар Тоҷикистон фаъолият дар ин кишвар зиёни иқтисодӣ ба ҳамроҳ дорад ва ба эҳтимоли зиёд аз идомаи кор дар ин ҷумҳурӣ инсироф хоҳанд дод.

Коршиносон мегӯянд, ба далели кӯҳистонӣ будани аксари манотиқи Тоҷикистон ва воқеъ шудани захоири нафту газ дар умқи зиёд барои истихроҷи ин манобеи энержӣ ниёз ба фанновариҳои пешрафта ва сармоягузории калони молӣ вуҷуд дорад, ки феълан ин амр имконпазир нест.