Июл 19, 2018 17:27 Asia/Dushanbe
  • Китоби сиёсати хориҷии раисҷумҳури Тоҷикистон мунташир шуд

Китоби раисҷумҳур аз 366 саҳифа иборат буда, дар нашриёти "Контраст" ба забони тоҷикӣ мунташир шудааст.

Ба нақл аз Форс, мақомоти Тоҷикистон хабар додаанд, ки китоби нави раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расид.

Дар китоб аз сиёсати хориҷӣ ва ибтикороти кишвар дар арсаи байналмилалӣ гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, дар китоб матни суханрониҳои раисҷумҳур ва мусоҳибаҳои кишвардор ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳамчунин асари нави Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавриди вазъи Афғонистон, мубориза бо тероризму ифротгароӣ нақл мекунад.