Июл 20, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси вилояти Хатлон аз як ширкати чинӣ

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода раиси вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон аз таъхири ширкати чинии "Хнён Чжун" дар роҳандозии корхонаи нуриҳои химиёвӣ дар қаламрави ин вилоят интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи Фарғона ин мақоми аршади ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон гуфт, қарор буд ширкати чинии "Хнён Чжун" корхонаи нуриҳои химиёвӣ мавсум ба "Нуриҳои Осиё"-ро дар моҳи август роҳандозӣ кунад, аммо ба назар мерасад ин амр амалишаванда нест.

Ширкати чинӣ ваъдаи роҳандозии корхонаи ёдшударо, ки яке аз бузургтарин корхонаҳои тавлиди нуриҳои кишоварзӣ дар сатҳи минтақа аст, дар баҳори гузашта дода буд, аммо ба ваъдааш амал накард.

Чин яке аз аслитарин сармоягузорони хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст ва ба вуҷуди интиқодҳо ва шикоятҳои фаровони мардуми Тоҷикистон аз фаъолияти бархе ширкатҳо ва корфармоёни чинӣ, мақомот дар ин замина умдатан сукут мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеият интиқоди раиси вилояти Хатлон аз як ширкат чинӣ дар навъи худ камназир аст.