Июл 21, 2018 09:03 Asia/Dushanbe
  • Хориҷ шудани ширкати “Газпром” аз тарҳҳои иктишофи газ дар Тоҷикистон сиёсӣ нест

Мудири Сандуқи миллии таъмини амнияти энержии Русия муътақид аст, хориҷ шудани ширкати русии “Газпром” аз тарҳҳои иктишофи газ дар Тоҷикистон сиёсӣ нест.

Ба гузориши “Спутник”, Константин Семёнов гуфт, ширкатҳои канадаӣ, фаронсавӣ ва чинӣ низ дар Тоҷикистон ба дунболи иктишоф ва истихроҷи нафту газ буданд, аммо муваффақ ба ин кор нашуданд ва пешбинии онҳо барои вуҷуди захоири азими ин ду навъи энержӣ дар ҳавзаи рӯдхонаи Омӯ нодуруст баромад.

Аз дидгоҳи вай, ҳатто дар сурати фароҳам шудани заминаи истихроҷи нафту газ дар кишвари кӯҳистонии Тоҷикистон, содироти он ба хориҷ аз кишвар низ кории сахте хоҳад буд ва ниёз ба сохти шабакаи густурдаи интиқоли энержӣ вуҷуд дорад.

Чанд рӯз қабл Раҳмонбек Бахтдавлатов, муовини идораи давлатии маъданшиносии Тоҷикистон аз хориҷ шудани ширкати русии “Газпром”  аз тарҳҳои иктишофи газ дар ин кишвар хабар дод.

Вай гуфта буд, мутахассисони ширкати “Газпром” дар майдони газии Шаҳринав то умқи 6 ҳазору 450 метр ҳаффорӣ анҷом доданд, аммо ба газ дастрасӣ пайдо накарданд. Дар ҳоле, ки маҳдуд шудан ба ин майдон кори дурусте набуд ва ширкати русии “Газпром” бояд дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ барои пайдо кардани газ талош мекард.

Аммо Игор Шаталов, мудири дафтари намояндагии ширкати русии “Газпром” дар Тоҷикистон дар посух ба ин суханони Раҳмонбек Бахтдавлатов гуфтааст, ки ба далели воқеъ шудани захоири нафту гази ин кишвар дар умқи зиёд, идомаи фаъолият дар майдонҳои газӣ дар марказ ва ҷануби ин ҷумҳурӣ аз нигоҳи иқтисодӣ басарфа набуд. Аммо талош мешавад, ки муҷаввизи истихроҷи нафту газ дар қаламрави вилояти Суғд касб шавад, ки дар сурати ҳал шудани ин мавзуъ имкони ҳамкории ширкати русии “Газпром” бо Тоҷикистон вуҷуд хоҳад дошт.