Имкони маҳкумият ба зиндон барои фарзанди яке аз наздикони раисҷумҳур
Манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, имкони маҳкумият ба зиндон аз 5 то 7 сол барои Диловар Гулов, фарзанди Шералӣ Гул, вазири пешини энержӣ ва саноати ин кишвар ва 4 шарикаш ба иттиҳоми авбошӣ ва латукӯби як афсари Вазорати умури дохилаи ин ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, ин манобеъ эълом кардаанд, Диловар Гулов ба ҳамроҳи 4 дӯсти худ шаби 8-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, Дилшод Назруллоҳзодаи 33 сола, афсари идораи мубориза бар зидди ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати дохилаи Тоҷикистонро мавриди латукӯб қарор дода ва аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.
Акнун ин афсар ба далели осебдидагии ҷумҷума ва шикастагии фуку бинӣ дар бемористони марказии шаҳри Душанбе бистарӣ аст ва Диловар Гулов ва 4 дӯсташ ба иттиҳоми авбошӣ ва латукӯби афсари Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар боздошт ба сар мебаранд. Эҳтимол дорад, ин афрод ба 5 то 7 соли зиндон маҳкум шаванд.
Ин иттифоқ замоне афтод, ки мошини писари вазири собиқ аз сӯйи кормандони полис ба далели эҷоди музоҳимат дар ҳаракати васоили нақлия нигаҳ дошта шуд, ки ин амр дар ниҳоят боис ба даргирӣ ва латукӯби афсари вазорати дохилаи ин кишвар шуд.
Фарзанди 22 солаи вазири пешини энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба анҷоми корҳои зиддиқонуниаш дар ҷомеаи Тоҷикистон маъруф шуда ва борҳо ба далели ҷанҷол, мушорикат дар латукӯби афрод ва тасодуфи ронандагӣ боздошт шуда ва борҳо ҳам бо муҷозоти андаке аз чанголи қонун раҳоӣ ёфтааст.
Фарзанди дигари Шералӣ Гул, ҳамсари духтари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон аст ва гуфта мешавад, чанде пеш дар пайи хилофкориҳои такрории Диловар Гулов ва бархе дигар аз фарзандони мақомоти аршад ва наздик ба раҳбарияти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шиддат аз ин гуна рафторҳо, ки боиси латма задан ба эътибори раисҷумҳур мешавад, интиқод кардааст.