Июл 21, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор марзбони боздоштшудаи қирғиз озод шуданд

Чаҳор марзбони қирғиз, ки рӯзи 20-уми июл дар марзи рустои Ворухи Исфара боздошт шуда буданд, озод ва ба кишвари худ бозгардонида шуданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, манобеи наздик ба мақомоти интизомӣ ва амниятӣ дар минтақаи Исфара баъд аз зӯҳри рӯзи 20-уми июл хабар доданд, ки чаҳор марзбони қирғизро дар пайи музокироти мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кишвари ҳамсоя баргардондаанд.

Ба гуфтаи сокинони Ворух, як гурӯҳ марзбонони қирғиз нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба марзи Тоҷикистон ворид шуданд ва талош карданд сокинони ин минтақаро аз заминҳои кишт ва чарогоҳҳо берун кунанд.

Марзбонони қирғиз иддао карда буданд, ки заминҳо ба қаламрав рустои Оқсои вилояти Бодканди Қирғизистон марбут мешавад ва шаҳрвандони Тоҷикистон набояд дар ин заминҳо кишоварзӣ ё чорводорӣ кунанд.

Байни сокинони Ворух ва марзбонони қирғиз муноқиша ба вуҷуд омада, боис  ба даргирии физикӣ шудааст.

Марзбонон ва кормандони корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар маҳалли ҳодиса ҳозир шуда ва чаҳор марзбони қирғизро боздошт кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, кормандони шӯъбаи дувуми корҳои дохилии Исфара низ, ки мақарри он дар Чоркӯҳ аст, мусаллаҳ шуда ва ба маҳалли ҳодиса фиристода шуданд.

Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари минтақаҳои марзӣ ҳар аз гоҳ муноқишаҳое рух медиҳад.