Июл 23, 2018 09:16 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ: Корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ дар Тоҷикистон зиёновар ҳастанд

Бонки Ҷаҳонӣ аз зиёновар будани наздик ба ниме аз корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сайти “Топ Тҷ”, Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ эълом кард, дар соли 2017 аз 23 корхонаи бузурги давлатӣ дар Тоҷикистон 11 корхона зиёндеҳ будааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки корхонаи алюминиюм (ТАЛКО) ва ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз ҷумлаи зиёндеҳтарин корхонаҳои давлатӣ дар соли 2017 ба ҳисоб меоянд.

Мизони зиёни молии корхонаҳо ва ширкатҳои давлатии Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ баровард шуда, ки баробар бо 4, 6 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар будааст.

Ба далели пойин будани даромади молии бархе аз корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати ин кишвар тавсия кардаанд, ки ба фикри ислоҳот дар мудирият ва тақвияти назорат бар фаъолияти молии ин марказҳои саноатӣ бошад.

Ҳамчунин коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо ишора ба афзоиши қарзи бархе аз корхонаҳо ба ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бобати истифодаи барқи масрафӣ гуфтаанд, ки дар мавриди имкони бозпардохти бахше аз ин қарзҳо шакку тардид доранд.

Ин дар ҳолест, ки қарзи корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ба ширкати “Барқи Тоҷик” бобати барқи масрафӣ ба 421 миллион сомонӣ, бахши хонагӣ 930 миллион сомонӣ ва дигар муштаракон 770 миллион сомонӣ расидааст.

Тайи даврони истиқлоли Тоҷикистон дар ин кишвар 11 ҳазор корхона ва ширкатҳои давлатӣ ба қимати ночизе ба афроде, ки ҳеҷ тахассусе надоштанд, вогузор шуд, ки ин иқдом боиси аз кор афтодани ин марказҳои тавлидӣ шуд ва таҷҳизоти онҳо низ ба унвони оҳанпора фурӯхта шуд. Ин иқдом боиси варшикаст шудани саноати ин кишвар шуд ва акнун аксари ин корхонаҳо аз кор мондаанд