Июл 24, 2018 08:06 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ: Қимати барқ дар Тоҷикистон бояд афзоиш ёбад

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, поин будани қимати барқ дар Тоҷикистон мӯҷиби зиёни ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мешавад ва бояд баҳои барқ афзоиш ёбад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Бонки Ҷаҳонӣ бо интишори гузорише таъкид кардааст, ки поин будани қимати барқ, нотавонии ақшори мардум, бахшҳои тавлидӣ ва саноатӣ аз пардохти баҳои барқи масрафӣ ва мудирияти нокоромади ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мӯҷиби ворид омадани хисороти фаровони молӣ ба фаъолияти шабакаи барқи саросарии Тоҷикистон мешавад. Дар ин гузориш аз барномаи давлати Тоҷикистон барои афзоиши зина ба зинаи қимати барқ тайи солҳои ахир ба унвони тадбири муҳим дар роҳи беҳбуди фаъолияти шабакаи барқи ин кишвар ёд шуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия шудааст, ки то соли 2022 қимати ҳар киловатт/соат барқи масрафиро барои бахши хонагӣ аз 1.8 сенти феълӣ ба 3.8 сент афзоиш диҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати давлатии “Барқи тоҷик” имсол тарҳи афзоиши 15-дарсадии қимати барқ ва оби гармро ба давлати Тоҷикистон ироа кардааст. Давлати Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2017 қимати ҳар киловатт/соат барқи масрафиро барои бахши хонагӣ бо 15 дарсад афзоиш аз 14.6 дирам ба 16.6 дирам расонда буд. Дар сурати тасвиби тарҳи афзоиши 15-дарсадии қимати барқ сокинони Тоҷикистон барои ҳар киловат/соат барқи масрафии худ 18.6 дирам пардохт хоҳанд кард.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2010 бо Бонки Ҷаҳонӣ барои дарёфти қарз созишнома имзо карда мутааҳҳид шудааст, ки ҳамасола қимат барқро афзоиш диҳад, то вақте ки хадамоти интиқоли барқро ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ бирасонад.