Июл 24, 2018 08:43 Asia/Dushanbe
  • Номаи сокинони ноҳияи Панҷакент ба Раҳмон барои поён ёфтани хушунат дар артиш

Беш аз 300 нафар аз сокинони ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон хостори поён ёфтани хушунатҳои маргбор дар артиши миллии ин ҷумҳурӣ шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, дар пайи марги Хайём Бердиев, сарбозе, ки дар воҳиди нигаҳбонии яке аз зиндонҳои Тоҷикистон машғули хидмат буд, 300 нафар аз сокинони ноҳияи Панҷакент аз раисҷумҳури ин кишвар хостаанд, ки барои поён додан ба бадрафторӣ ва хушунат дар артиши ин кишвар мусоидат кунад. Дар ин нома таъкид шудааст, ки мақомоти пизишки қонунӣ (ташхиси тиббӣ-судӣ) иллати дақиқи марги Хайём Бердиев, сарбози қаториро баён накардаанд, аммо волидони вай мегӯянд, ки дар бадани фарзандашон осори сӯхтагӣ бо сигор ва захмҳои зиёде мушоҳида кардаанд, ки нишон медиҳад, ӯ мавриди латукӯб қарор гирифтааст.

Сокинони ноҳияи Панҷакент муътақиданд, ки ин навъ рафторҳо мӯҷиби фирори ҷавонон аз рафтан ба хидмат мегардад ва маълум нест, ки иллати ин ҳама бадбинӣ хушунат ва бадрафторӣ бо ҳамқаторон дар нерӯҳои мусаллаҳ Тоҷикистон чист. Соли 2017 низ теъдоде аз модарон аз ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон бо ирсоли номаи саркушодае ба раисҷумҳури Тоҷикистон ба унвони фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мусоидати ӯро барои контроли ҷиддӣ бар воҳидҳои низомии артиш ва беҳбуди вазъи иҷтимоию маишии сарбозон хостор шуда буданд. Дар ин нома таъкид шуда буд, ки дар 24 соле, ки аз таъсиси артиши миллии Тоҷикистон мегузарад, 17 нафар аз ҷавонони ноҳияи Рӯшон бар асари хушунату бадрафторӣ ва набудани назму инзибот дар воҳидҳои низомӣ ҷони худро аз даст доданд, ки ҷойи нигаронӣ дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва муқобила бо шиканҷа, ки созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аст, аз мавриди латукӯб ва хушунат қарор гирифтани 59 сарбоз дар артиши ин кишвар дар се соли ахир хабар додааст. Ба гузориши ин созмон, бар асари ин ҳаводис 14 сарбоз ҷони худро аз даст додааст.

Коршиносон вуҷуди бадрафторӣ, хушунат ва набудани фазои ахлоқии солим дар артиши Тоҷикистонро омили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати низомӣ дар ин кишвар унвон мекунанд.