Баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳиддин Кабирӣ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар Додгоҳи Олии ин кишвар аз сар гирифта мешавад.
Ба гузориши сомонаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси ин додгоҳ дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, иттиҳоми раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон хиёнат ба Ватан, мушорикат дар шӯриш барои барандозии низоми сиёсӣ ва фаъолият дар таркиби гурӯҳи террористӣ аст. Дар маҷмӯъ, Муҳиддин Кабирӣ ба таври ғиёбӣ бо 16 мавриди иттиҳоми мухталиф муҳокима хоҳад шуд, ки ба далели муҳри сиррӣ доштани парванда баррасии ин маворид пушти дарҳои баста анҷом хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар баҳори имсол ба иллати ҳузур надоштани Муҳиддин Кабирӣ дар дохили кишвар баррасии парвандаи ҷиноии ӯро ба таври муваққат мутаваққиф карда буд.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015, ки ҳизбаш натавонист намояндае ба маҷлиси қонунгузори ин кишвар бифиристад, аз Тоҷикистон хориҷ шуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро ба иттиҳоми иртибот бо шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ мамнӯъ карда, номи ин ҳизбро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор дод. Дар пайи ин тасмим 13 узви Раёсати Олии ин ҳизб боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд ва ду муовини раиси ин ҳизб ҳам ҳабси абад гирифтанд.
Мақомоти Ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар тамоми иттиҳомотро рад карда гуфтаанд, дар се соли ахир беш аз 200 нафар аз аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудааст.