Поёни Намоишгоҳи саноеи дастии Тоҷикистон ва Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36867-Поёни_Намоишгоҳи_саноеи_дастии_Тоҷикистон_ва_Узбакистон
Намоишгоҳи саноеи дастии мардуми тоҷик ва узбак имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ поён дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 24, 2018 20:39 Asia/Dushanbe
  • Поёни Намоишгоҳи саноеи дастии Тоҷикистон ва Узбакистон

Намоишгоҳи саноеи дастии мардуми тоҷик ва узбак имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ поён дод.

Ба нақл аз Форс, Намоишгоҳи саноеи дастии мардуми тоҷик ва узбак 23 июл дар маҳалли Наврӯзгоҳи Душанбе кушоиш ёфт.  

Дар ин намоишгоҳ умдатан маҳсулоти сафолии ҳудуди 100 ҳунарманди кӯзагар ва заргари тоҷик ва узбак ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.  

Намоишгоҳи саноеи дастии мардуми тоҷик ва узбакро Кумитаи занон ва оила ҳамроҳ бо Кумитаи рушди гардишгарӣ, сандуқи байналмилалии саноеи дастии “Ҳафт пайкар” ва бо ҳимояти Вазорати фарҳанг ва шаҳрдории Душанбе роҳандозӣ карданд.