Июл 25, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Воми Ӯзбакистон барои воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон

Раиси “Амонатбонк”-и Тоҷикистон эълом кард, ҳукумати Ӯзбакистон барои воридоти маҳсулоти худ ба дохили Тоҷикистон, воми молии 100 миллиондолларӣ дар ихтиёри се бонки ин кишвар қарор хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, Руҳуллоҳ Ҳакимзода дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар Душанбе гуфтааст, воми 100 миллиондолларии ҳукумати Ӯзбакистон барои ҳимоят аз бозаргонони тоҷик, ки маҳсулоти тавлидии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон ворид мекунанд, аз сӯйи се бонк ба хоҳишмандон дода хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, маблағи воми 100 миллиондолларии ҳукумати Ӯзбакистон аз тариқи “Амонатбонк”, “Ориёнбонк” ва бонки “Эсхата” дар ихтиёри хоҳишмандони ворид кардани маҳсулоти тавлидии кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон, қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Руҳуллоҳ Ҳакимзода, суди ин вомҳо барои як сол ҳашт дарсад хоҳад буд ва агар мутақозиён дархости афзоиши замони бозпардохти ин маблағҳоро то се сол матраҳ кунанд, суди солонаи он 9 дарсад хоҳад буд.

Тавофуқ дар заминаи ҷудо кардани воми 100 миллиондолларии Ӯзбакистон барои воридоти маҳсулоти ин кишвар ба Тоҷикистон, дар ҷараёни нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии ин кишвар ба Душанбе дар моҳи марти соли ҷорӣ имзо шуда буд.

Раиси “Амонатбонк”-и Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, 12 ширкати тоҷикистонӣ дархости дарёфти ин вомро ба маблағи наздик ба 20 миллион доллар ироа кардаанд, ки мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.