Июл 25, 2018 10:23 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон таваллуди Мирзиёевро табрик гуфт

Раисҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, фаро расидани солрӯзи таваллуди Шавкат Мирзиёевро ба вай табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар ин гуфтугӯи телефонӣ тарафайн бо баррасии масоили марбут ба ҳамсоягии ду кишвар ва дурнамои ин равобит дар тамоми ҳавзаҳо, ба идомаи талошҳои муштарак барои таҳкими муносиботи стратегӣ миёни Душанбе ва Тошканд таъкид карданд.

Гуфтугӯи телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар ҳоле сурат гирифт, ки қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ояндаи мелодӣ аз Ӯзбакистон дидор кунад.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, дар чаҳорчӯби сафари расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тошканд, асноди муҳиме, аз ҷумла қарордоди ҳамкории роҳбурдии ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Миёна ба имзои Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев хоҳад расид.

Шавкат Мирзиёев 24 –уми июли соли 2018-ум 61 сола шуд.