Июл 25, 2018 12:26 Asia/Dushanbe
  • Дархости Раҳимзода аз Вазорати умури дохилии Русия барои пайгирии парвандаи Ҳувайдо

Таҳқиқот дар бораи қатли Ҳувайдо Тиллозода бо ҳамкории Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии Русия идома дорад.

Ба нақл аз Спутник, Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи ахбори нашршуда дар робита бо қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода духтари панҷсолаи тоҷик дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав паёме ба  Раҳбарияти Вазорати умури дохилии Русия барои назорати қатъӣ бар парвандаи ҷиноии қатли ин духтари панҷсола ва ошкор кардани саривақти ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор барқия ирсол намуд.

Рӯзи 23 июли соли равон аз тарафи Сарраёсати Кумитаи бозрасии вилояти Маскав дар ин робита парвандаи ҷиноятӣ бар тибқи қонуни асосии Русия оғоз гардид .

Ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов сухангӯи намояндаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия пайкари кудаки панҷсолаи тоҷик, ки ба тарзи даҳшатнок  кушта шуда буд, шаби 24 июл бо ҳавопаймои Тоҷик Эйр ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Ин кудаки хурдсол рӯзи 22 июл дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав нопадид ва як рӯз баъд часади тика ва пора шудаи вай пайдо шуд.