Июл 26, 2018 09:19 Asia/Dushanbe
  • Хурӯҷи сарҳанги шӯришӣ аз Узбакистон пас аз марги Каримов

Раиси Раёсати пулиси вилояти Хатлон гуфт, сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон қаламрави ин кишварро тарк кардааст.

Ба гузориши сойти “TopTJ”, Искандар Солеҳзода дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар шаҳри Бохтар бо беиттилоӣ аз макони дақиқи ҳузури ин сарҳанги шӯришӣ эълом кардааст, вай ба эҳтимоли қавӣ дар Туркия ба сар барад. Ба гуфтаи раиси Раёсати пулиси вилояти Хатлон, пас аз марги Ислом Каримов дар сентябри соли 2016 гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев пароканда ва худи вай низ аз қаламрави Узбакистон хориҷ шуд. Акнун ба далели тағйири равобити Тошканду Душанбе бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон дигар ҳеҷ таҳдиде аз сӯйи гурӯҳи парокандашудаи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев барои амнияти Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев аз муттаҳидони ҳукумати феълии Тоҷикистон ва фармондеҳи типи вижаи Вазорати дифои ин кишвар буд, ки дар солҳои 1996-1997 даст ба шӯриш алайҳи давлат зад ва дар пайи шикаст ба Узбакистон фирор кард. Ӯ дар ноябри соли 1998 бо як ҳамлаи ногаҳонӣ шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғдро ишғол кард, ки пас аз чанд рӯзи даргирӣ бо артиши Тоҷикистон шикаст хӯрд ва дубора ба қаламрави Узбакистон паноҳ бурд. Ҳузури ӯ дар хоки Узбакистон яке аз илали сардии равобити ин кишвар бо Тоҷикистон буд, ки дар соли 2017 бо марги Ислом Каримов рӯ ба беҳбудӣ овард.

Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 170 нафар аз аъзои гурӯҳи шӯришии Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, ки 36 нафар аз ин афрод таҳти пайгарди қазоии байналмилалӣ қарор доранд.