Июл 28, 2018 08:03 Asia/Dushanbe
  • Парвози ҳавопаймоҳои “Тоҷик – Эйр” дар масири Душанбе - Самарқанд

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” эълом кард, парвозҳои ҳафтаии рафту баргашт дар масири Душанбе- Самарқандро оғоз хоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, замони парвоз дар ин масир 45 дақиқа ва қимати билет барои ҳар мусофир 684 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ин ширкат эълом кард, нахустин парвоз дар масири Душанбе - Самарқандро бо ҳавопаймои Боинг рӯзи шанбеи 28 –уми июли соли ҷорӣ анҷом хоҳад дод.

Парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанд 26 сол қабл, дар моҳи майи соли 1992 ба таври якҷониба аз сӯйи давлати вақти Ӯзбакистон мутаваққиф шуда буд. Дар он замон миёни ин ду шаҳр рӯзона то 8 парвоз анҷом мешуд.

Акнун ба далели беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар пайи ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар кишвари ҳамсоя, заминаи рафтуомади 30 рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвар фароҳам шудааст ва ҳазорон нафар аз ин имконот истифода кардаанд.

Аммо коршиносон муътақиданд, ки сафари заминӣ аз Душанбе ба Самарқанд ба маротиб арзонтар аст ва аксари мусофирон тарҷеҳ медиҳанд, ки бо мошинҳои шахсӣ ё таксӣ сафар кунанд.