Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36970-Намоишгоҳи_ҳунарҳои_мардумӣ_дар_Душанбе
Намоишгоҳе бо унвони "Олами рангҳо ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2018 08:37 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Намоишгоҳе бо унвони "Олами рангҳо ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши Ховар, ин намоишгоҳ ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барпо мешавад ва осори наққошӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва дигар осори ҳунарии донишҷӯён ба намоиш гузошта мешавад.

Оғози кори ин намоишгоҳ рӯзи душанбе (30 июл) соати 8:00 хоҳад буд.