Июл 30, 2018 08:44 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Як мошин дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳафт гардишгари дучархасавори хориҷиро пахш кард, ки чаҳор нафари онҳо кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи якшанбе бо таъйиди ин хабар, эълом кардааст, ронандаи ин мошин пас аз тасодуф бо ин ҷаҳонгардон,дар соати 15:30 дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара, аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.

Се нафар аз қурбониёни ин ҳодиса дар ҳамон маҳал ва як нафар низ дар бемористони ноҳияи Данғара ҷон супурдаанд.

Бар асоси иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, фарзияи аввал дар мавриди ин ҳодиса, тасодуфи ғайриамд аст, аммо дигар фарзияҳо низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин хабар додааст, асри рӯзи 29-уми июл дар рустои Торбулоқи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Данғара мошинеро, ки сабаби марги чаҳор гардишгари хориҷӣ дар Данғара шуд, пайдо кардаанд.

Ин мошин ба Ҷаъфариддин Юсуфов, сокини 21-солаи шаҳри Норак тааллуқ дошт.

Ҳангоми амалиёти боздошти гумонбарон, як нафар дастгир ва ду нафари дигар кушта шудаанд ва ҷустуҷӯҳо барои ёфтани ҳамдастони онҳо идома дорад.

Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли як манбаъ дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ду нафар аз ин гардишгарони кушташуда ҳоландӣ (нидерлагдӣ) ва ду нафари дигар амрикоӣ ҳастанд.

Ҳайати муташаккил аз кормандони Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маҳалли ҳодиса таҳқиқ дар бораи ин ҷинояти хунинро баррасӣ мекунанд.