Июл 30, 2018 11:51 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарони Амрико, Швейтсария ва Нидерландия

Пас аз марги ғамангези шаҳрвандони Амрико, Швейтсария ва Нидерландия дар ҷануби Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба сарони ин кишварҳо таслият гуфт.

Ба гузориши Дафтари матбуотии раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар номаҳои ҷудогона ба Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, Виллем Александр​ подшоҳи Нидерландия ва Ален Барсе раиси ҷумҳурии Швейтсария, аз фоҷиаи кушта шудани шаҳрвандони ин кишварҳо дар ҳодисаи ронандагӣ дар ҷануби Тоҷикистон изҳори таассуф кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таслият ба наздикон ва пайвандони қурбониёни ин ҳодиса гуфтааст, ки барои муаян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона, ниҳодҳои зирабти ин кишвар ҳамаи чораҳоро хоҳанд андешид.

Баъд аз зуҳри дирӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон ронандаи як худрав ҳафт гардишгари дучархасавори хориҷиро зер гирифт, ки чаҳор нафари онҳо кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон асри ҳамон рӯз як нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳалокати гардишгарони хориҷӣ боздошт карданд ва ду нафари дигар аз ҳамроҳони вай дар ҷараёни амалиёти боздошт ба ҳалокат расиданд.

Имрӯз низ мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти се нафар дигар ба гумони ҳамдастӣ бо гурӯҳе, ки бо мошин ба гардишгарони хориҷии дучархасавор бархурд карда буданд, хабар доданд.

Ин ҳодиса дар ибтидо садамаи ронандагӣ эълом шуд, аммо баъзе манобеи ғайрирасмӣ навиштанд, ронанда ва ҳамроҳонаш пас аз зер гирифтани дучархасаворон аз мошин пиёда шуда ва бо корд ба онҳо ҳамла кардаанд.

Қарор аст зуҳри имрӯз масъулони Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар бораи охирин хабарҳо аз ҳодисаи рӯзи якшанбе иттилорасонӣ кунанд.

Давлати Тоҷикистон сол 2018-ро "Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардуми" эълом карда ва барномаҳоеро барои ҷалби гардишгарони хориҷӣ роҳандозӣ намудааст.