Июл 30, 2018 12:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳодисаи кушта шудани гардишгарони хориҷӣ амдӣ буд?

Ду гардишгари хориҷӣ, ки аз ҳодисаи тасодуфи рӯзи якшанбе ҷони солим ба дар бурда буданд, онро ҳамлаи амдӣ донистаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, афроде ки муваффақ ба ҳарф задан бо гардишгарони маҷрӯҳ дар бемористони ноҳияи Данғара шуда буданд, гуфтаанд, яке аз ин гардишгар нақл карда, ки муттаҳамон ибтидо бо ду мошин онҳоро дар масири Душанбе-Кӯлоб пахш карданд ва сипас аз мошинҳо пиёда шуда, бо корд ба онҳо ҳамлавар шуданд.

Ин афрод ба “Ахбор” гуфтаанд, он чӣ ки сабаби кушта шудани чаҳор гардишгари хориҷӣ шуда, на тасодуф, балки зарбаи корд будааст.

Ин дар ҳолест, ки дар иттилоияҳои расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳамла бо корд ба гардишгарони хориҷӣ, ҳанӯз изҳори назар нашуда ва гуфта шудааст, фарзияи аввал “тасодуф” буда ва фарзияҳои дигар низ дар дасти баррасӣ аст.

Ронандаи як мошин дар ноҳияи Данғараи вилояти хатлони Тоҷикистон, ҳафт гардишгари дучархасавори хориҷиро пахш кардааст, ки чаҳор нафари онҳо кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.