Июл 31, 2018 09:03 Asia/Dushanbe
  • Дидори Раҳмон бо раиси ширкати муҷрии сохти нерӯгоҳи “Роғун” дар Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо мудири ширкати итолиёии “Salini Impregilo”, муҷрии сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Душанбе раванди омодагӣ ба баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар соли ҷориро баррасӣ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Петро Солини ду тараф бо ибрози ризоият аз раванди сохтусоз дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бар зарурати суръат ёфтани таъмини масолеҳ ва таҷҳизоти мавриди ниёзи ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон таъкид карданд.

Ин дувумин дидори Раҳмон ва Солини дар соли ҷорӣ аст.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 бар асоси муноқисаи байналмилалӣ такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo” вогузар кард. Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки ноябри имсол турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба баҳрабардорӣ расонад.

Пештар давлати Тоҷикистон эълом карда буд, имсол барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” маблағи панҷ миллиард сомонӣ (наздик ба 560 миллион доллар) ихтисос додааст, дар ҳоле ки дар соли 2017 чаҳор миллиард сомонӣ дар он ҳазина шуда буд.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335-метрӣ ва шаш турбина бо зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт/соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.