Вокуниши Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон ба ҳодисаи Данғара
(last modified Tue, 31 Jul 2018 04:16:34 GMT )
Июл 31, 2018 09:16 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон ба ҳодисаи Данғара

Раиси Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ҳодисаи хунбори Данғара ба раванди вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар асари манфӣ намегузорад.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон, Нуъмон Абдулғаффорзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарӣ дар Душанбе бо ибрози таассуф аз ҳодисаи кушта шудани гардишгарони хориҷӣ дар Данғара гуфт, дар мавриди таъсири ин моҷаро ба вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон феълан доварӣ кардан душвор аст. Ӯ афзуд: «Бояд дид, натиҷаи таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса чӣ хоҳад буд ва умедворем, ки паёмадҳои ин ҷинояти ҳавлнок ба раванди рӯ ба рушди вуруди гардишгарони хориҷӣ ночиз аст».

Раиси Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, барои вуруди як миллион гардишгари хориҷӣ дар соли 2020 барномарезӣ шудааст, ки умед меравад, ба ин ҳадафи муҳим даст ёбанд. Ӯ гуфтааст, ки дар шаш моҳи нахусти имсол 900 ҳазор хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, ки 500 ҳазор нафар аз онон ба унвони гардишгар вориди ин кишвар шудаанд.

Дар соли 2017 беш аз 400 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз маконҳои таърихӣ ва ҷозибаҳои табиии кӯҳистони Тоҷикистон боздид карда буд.