Август 01, 2018 08:37 Asia/Dushanbe
  • Бетаҷрибагии аъзои ДИИШ дар ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ

Корманди пешкисвати Хадамоти амнияти Тоҷикистон муътақид аст, синну соли пойин ва бетаҷрибагии аъзои ДИИШ барои аз байн бурдани осори ҷиноят дар маҳалли ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон нишон дод, ки ин гурӯҳи террористӣ аз ҷавонони тоҷик барои расидан ба аҳдофи худ сӯиистифода кардаанд.

Ба гузориши "Спутник", Ҳабибуллоҳ Назаров гуфт: “Равиши зер гирифтан бо мошин қаблан аз сӯйи гурӯҳи террористии ДИИШ барои ҳамла ба афроди ғайринизомӣ дар чанд кишвари ҷаҳон озмоиш шуда буд, аммо дар Тоҷикистон барои нахустин бор аз ин равиш истифода шуд. Аз ин рӯ, мо осори иқдомоти аз қабл барномарезишударо дар ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ҷануби Тоҷикистон мушоҳида мекунем, ки Додситонии кулли Тоҷикистон бояд тамоми абъоди ин тарҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад”.

Ба гуфтаи вай, ҳамлагарон ин иқдомро бо ду мошин анҷом доданд, аммо синну соли ҷавонӣ ва бетаҷрибагии онон боис шуд, ки натавонанд осори ҷиноятро аз байн бибаранд ва зуд ҳам шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Ҳабибуллоҳ Назаров ба интиқодҳо дар мавриди ин ки чаро полис ба ҷойи боздошт, 5 нафар аз 9 муттаҳами ин ҳодисаро кушт, посух дод ва гуфт, афроди вобаста ба ДИИШ бисёр хатарноканд ва то охир муқовимат мекунанд, онҳо метавонанд даст ба инфиҷори интиҳорӣ низ бизананд, ки ин мавзуъ ба эҳтимоли зиёд иллати куштани онон аз сӯйи полис будааст.

Бар асоси гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон то ин лаҳза аз 9 мазнуни ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, панҷ нафар кушта ва чаҳор тани дигар боздошт шудаанд.

Бар асари ин ҳамлаи террористӣ 4 гардишгари дучархасавори хориҷӣ кушта ва 3 тани дигар низ захмӣ шудаанд.